Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми шаш сокини Қашқадарё бо иттиҳоми узвият дар ҲИУ


Як созмони ҳуқуқи башари Узбакистон рӯзи чоршанбе хабар дод, ки додгоҳи вилояти Қашқадарё шаш нафарро бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба мӯҳлатҳои аз 9 то 15 сол равонаи зиндон кардааст.

Ба иттилои созмони “Езгулик” (“Ҳамдардӣ”), мақараш дар Тошканд, се мард - Отамбек Очилов, Зафар Пулодов, Бахтиёр Бозоров ва се зан – Лолахон Қудратова, Нигора Ерназарова ва Азиза Муҳиддинова дар узвият ба гурӯҳи мамнӯъ, терроризм ва талоши сарнагунсозии ҳукумати Узбакистон айбдор шуданд. Бар гуфтаи муфаттишон, ҳамаи шаш нафар аз соли 2010 то соли 2013 дар Русия кор карда, ҳар моҳ ба хазинаи ҲИУ 500-долларӣ интиқол медоданд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки мурофиаи боз 60 нафари дигар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯъ, терроризм ва талоши сарнагунсозии ҳукумат дар додгоҳи Қашқадарё идома дорад.

Ҳаракати исломии Узбакистон, ки дар Афғонистон ва Покистон мустақар аст, бо созмони “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” робита дорад ва айни ҳол алайҳи нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон меҷангад. Ҳадафи аслии ин гурӯҳ - таъсиси давлати исломӣ дар Узбакистон эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG