Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни садама дар метрои Маскав ба 23 нафар расид


Теъдоди қурбониёни садама дар метрои шаҳри Маскав то 23 нафар афзоиш ёфт. Шаби чаҳоршанбе дар бемористони ба номи Боткини шаҳри Маскав боз як зани дар ин ҳодиса осебдида аз олам даргузашт.

15 июл дар роҳ миёни истгоҳҳои “Парк Победи” ва “Славянский булвар” се вагон аз масир берун шуд. Миёни қурбониёни фоҷиа 2 шаҳрванди Тоҷикистон, 2 шаҳрванди Чин, як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Молдова ҳам ҳастанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бародарзодаҳо Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов сокинони деҳаи Лоҳутии ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буданд. Дар исадамаи метро беш аз сад нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Қарор аст, ки додгоҳи ноҳияи Басманнии шаҳри Маскав рӯзи 23 июл мавзӯи боздошти боз як нафари гумонбар дар садама - Алексей Трофимовро баррасӣ кунад. Муфаттишон мегӯянд, ки ӯ дар сохтмони роҳи оҳан дар роҳи миёни истгоҳҳои “Парк Победи” ва “Славянский булвар” ширкат дошт. То имрӯз бо гумони даст доштан дар садамаи фоҷиабор се нафар боздошт шудааст.

Сергей Собянин,шаҳрдори Маскав, рӯзи 22 июл Иван Бесединро аз мақоми раиси метрополитени пойтахти Русия барканор кард.

XS
SM
MD
LG