Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ бо мақомоти Миср оташбасро баррасӣ кард


Ҷон Керрӣ бо Абдулфаттоҳ Сиссӣ-раиси ҷумҳури Миср

Ҷон Керрӣ бо Абдулфаттоҳ Сиссӣ-раиси ҷумҳури Миср

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико 22 июл дар Қоҳира бо мақомоти Миср талошҳо барои қатъи даргириҳои байни гурӯҳи Ҳамос ва Исроилро баррасӣ кард. Ҷон Керрӣ баъд аз мулоқот бо Сомеҳ Шукрӣ-вазири хориҷаи Миср гуфт, ин кишвар ташаббусеро пеш гирифтааст ва тибқи он бояд дар зарфи ду ҳафта даргириҳо қатъ ва оташбас ба даст ояд.

Мақомоти расмии Фаластин мегӯянд, ки 22 июл дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Навори Ғазза 7 нафар кушта шудаанд, ки 5 нафари онҳо аъзои як хонавода будаанд.

Бо ин шумора афроди кушташуда дар амалиёти низомии Исроил ба 580 нафар расид. Ин амалиёт 8 июл оғоз шуд ва ҳадафи он хотима бахшидан ба мушакборони тундравҳои гурӯҳи Ҳамос ба сӯи Исроил арзёбӣ мешавад.

Мақомоти Фаластин мегӯянд, аксари ононе, ки ба қатл расидаанд, сокинони маъмулӣ будаанд. Дар ҷониби Исроил низ талафоти ҷонӣ ба бор омадааст. 2 сокини оддӣ ва 27 сарбоз ба қатл расидаанд.

21 июл Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ва Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар Қоҳира бо ҳам мулоқот ва роҳҳои қатъи ҳар чӣ зудтари ин муноқишаро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG