Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҷасади қурбониён ба Ҳолланд меравад


Марк Рутте
Марк Рутте

Марк Рутте-нахуствазири Ҳолланд мегӯяд, ки нахустин ҷасадҳои қурбонии суқути ҳавопаймои Малайзия 23 июл ба Ҳолланд оварда мешавад. Мақомоти расмии Украина ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, беш аз пеш нишонаҳое ба даст меояд, ки ин ҳавопайморо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия задаанд.

Аз 298 қурбонии ин ифоҷеа 193 нафар шаҳрвандони Ҳолланд будаанд. Қатори роҳи оҳан ҷасади қурбониёни ҳавопаймои суқутдодашудаи Малайзияро ба шаҳри Харкови Украина расонд. Ин қатор, ки вагонҳои он бештар ба яхдон монанд аст, 280 ҷасадро 22 июл аз минтақаи зери назорати ҷудоихоҳон ба шаҳре расонд, ки зери назорати ҳукумати Украина мебошад. 17 июл дар суқути ҳавопаймо 298 нафар ҷон бохта буданд.

Ҷудоихоҳон чанд рӯз дастрасӣ ба маҳали суқути ҳавопайморо иҷоза намедонанд. Танҳо 21 июл онҳо розӣ шуданд, ки ҷасадҳо ва ҷаъбаҳои сиёҳи ҳавопайморо супоранд.

XS
SM
MD
LG