Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз тақвияти нируҳои НАТО дар марзаш ҳушдор дод


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия ба паймони НАТО ҳушдор додааст, ки нируҳои худро дар наздикиҳои марзи Русия тақвият медиҳад. 22 июл Путин зимни суханони худ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Русия дар Маскав гуфт, ки Русия бояд ба “рафтори НАТО ҷавоби муносиб ва тадриҷӣ” бидиҳад. Вале вай таъкид кард, ки дар айни замон ҳеҷ хатари мустақим ба истиқлол ва тамомияти арзии Русия дида намешавад.

Вай ҳамчунин хост, ки барои коҳиши пойбандии иқтисоди миллӣ ва низоми молӣ аз “таъсири омилҳои нохоста” иқдомоте рӯи даст гирифта шавад.

Путин аз ҳукуматҳои ғарбӣ даъват кард, ки бо истифода аз равобити хуби худ бо ҳукумати Украина ва нуфуз бар он Киевро ташвиқ кунанд, ки амалиёти низомиро дар шарқи Украина боздорад.

Ба гуфтаи вай, Русия аз нуфузи худ бар ҷудоихоҳон дар шарқи Украина истифода мекунад, то онҳо барои расидагии комил ба суқути ҳавопаймои Малайзия бозрасонро ба маҳал иҷоза диҳанд.

XS
SM
MD
LG