Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон нақши Блэрро чун мушовири Би-Пи сутуд


Тонӣ Блэр
Тонӣ Блэр

Матбуоти Озарбойҷон 22 июл хабар дод, ки 3 чоҳи ғанитарини нафти Озарбойҷон дар соҳаи Баҳри Хазар дар минтақае ҷойгир аст, ки дар он ҷо ширкати Би-Ри (BP) фаъолият мекунад. BP ширкати тавлидкунандаи нафт аст.

Бино ба маълумоти ин ширкат, истихроҷи умумии нафт аз ин се чоҳ дар як рӯз 140 ҳазор бушакро ташкил медиҳад ва он ба тарҳи Шоҳ Дениз дохил мешавад.

Ин гузориш чанд рӯз баъд аз он пахш шуд, ки ширкати мазкур Тонӣ Блэр-нахуствазири пешини Британияро мушовир дар умури содироти гази табиӣ дар Озарбойҷон ба кор гирифт.

Бино ба гузоришҳо, Тонӣ Блэр акнун бо Дитриш Геншер-вазири пешини корҳои хориҷаи Олмон ва Петер Сузерланд-раиси Голдмен Саш Интернешенал ба кумиссиюни мушовирони Би-Пи ҳамроҳ мешавад.

Би-Пи ширкати аслии консорсиюме дар тарҳи Шоҳ Дениз-2 мебошад, ки заминаҳои интиқоли гази Озарбойҷон ба Аврупои Ҷанубиро фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG