Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади қурбониёни ҳавопайморо ба Харков расонданд


Қаторе, ки бо ҷасадҳо вориди Харков шуд
Қаторе, ки бо ҷасадҳо вориди Харков шуд

Қатори роҳи оҳан ҷасади қурбониёни ҳавопаймои суқутдодашудаи Малайзияро ба шаҳри Харкови Украина расонд. Ин қатор, ки вагонҳои он бештар ба яхдон монанд аст, 280 ҷасадро 22 июл аз минтақаи зери назорати ҷудоихоҳон ба шаҳре расонд, ки зери назорати ҳукумати Украина мебошад. 17 июл дар суқути ҳавопаймо 298 нафар ҷон бохта буданд.

Мақомоти расмии Украина ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, беш аз пеш нишонаҳое ба даст меояд, ки ин ҳавопайморо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия задаанд.

Қарор аст ин ҷасадҳоро аз шаҳри Харков ба Амстердам-пойтахти Ҳолланд бифиристанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса шаҳрвандони ин кишвар будаанд. Ҷудоихоҳон чанд рӯз дастрасӣ ба маҳали суқути ҳавопайморо иҷоза намедонанд. Танҳо 21 июл онҳо розӣ шуданд, ки ҷасадҳо ва ҷаъбаҳои сиёҳи ҳавопайморо супоранд.

XS
SM
MD
LG