Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқҳо бозии дӯстонаи Тоҷикистону Малайзияро доварӣ мекунанд


Бозии байналмилалии дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Малайзия ҳакамон аз Қазоқистон доварӣ мекунанд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти Федератсиони футболи Тоҷикистон, бозии байналмилалии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия рӯзи ҷумъаи 8-уми август, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳарду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки ин гурӯҳи ҳакамон 4-уми майи соли равон дар Душанбе бозии дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистонро, ки бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи футболбозони тоҷик анҷом ёфта буд, доварӣ кардаанд.

Александр Алиев ба ҳайси футболбоз дар дастаҳои «Алмаато», «Тараз» ва мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-19) бозӣ кардааст. Аз соли 2013 довари ФИФА буда, бозиҳои премйер-лигаи Қазоқистонро аз соли 2012 доварӣ мекунад.

Вай бозии даври аввали интихобии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА миёни дастаҳои «Ширак» (Арманистон) ва «Тре Пенне» (Сан-Марино), бозиҳои мусобиқоти футболи Универсиадаи ҷаҳониро дар Қазон, инчунин, бозии дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби Озарбойҷон ва Малта (3:0) доварӣ кардааст.

Дар бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон довари ФИФА Насрулло Кабирови 29-сола аз шаҳри Норак довари эҳтиётӣ таъин шудааст. Давлатманд Исломов, сардори шӯъбаи байналмилалии ФФТ, комиссари бозӣ ва Шавкат Аҳмадов, мудири техникии ФФТ, нозири доварон мебошанд.


Бояд гуфт, ки ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад. Дар айни ҳол дар рейтинг ё феҳристи ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 124-ум ва Малайзия дар мақоми 151-ум қарор доранд.

Бозии дӯстона бо Малайзия барои мунтахаби Тоҷикистон дар мавсими имсола севум мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев баъди пирӯзӣ бар тими миллии Афғонистон, дар бозии дувум 7-уми июн дар Таллинн аз мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрдааст.

Ба иттилои ФФТ пас аз бозӣ бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ 4-уми сентябр дар варзишгоҳи нави бошгоҳи футболи БАТЭ «Борисов-Арена», ки маросими кушоиши он 3-юми майи соли равон баргузор шуд, барпо мегардад.

XS
SM
MD
LG