Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Навори Ғазза 7 нафари дигар кушта шуданд


Борикаи Ғазза

Борикаи Ғазза

Мақомоти расмии Фаластин мегӯянд, ки 22 июл дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дарНавори Ғазза 7 нафар кушта шудаанд, ки 5 нафари онҳо аъзои як хонавода будаанд.

Бо ин шумора афроди кушташуда дар амалиёти низомии Исроил ба 580 нафар расид. Ин амалиёт 8 июл оғоз шуд ва ҳадафи он хотима бахшидан ба мушакборони тундравҳои гурӯҳи Ҳамос ба сӯи Исроил арзёбӣ мешавад.

Мақомоти Фаластин мегӯянд, аксари ононе, ки ба қатл расидаанд, сокинони маъмулӣ будаанд. Дар ҷониби Исроил низ талафоти ҷонӣ ба бор омадааст. 2 сокини оддӣ ва 27 сарбоз ба қатл расидаанд.

21 июл Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ ва Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико дар Қоҳира бо ҳам мулоқот ва роҳҳои қатъи ҳар чӣ зудтари ин муноқишаро баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG