Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бруссел таҳримҳои зидди Русияро баррасӣ мекунанд


Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел имкони таҳримҳои баъдӣ бар зидди Русияро дар робита бо суқути ҳавопаймои Малайзия дар шарқи Украина баррасӣ мекунанд.

Мақомоти расмии Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, беш аз пеш далоил ба даст меояд, ки ин ҳавопайморо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия задаанд. Дар ин ҳодиса 298 кас кушта шуданд.

Шӯрои Амнияти СММ ба иттифоқи оро қатъномаеро ба тасвиб расонд. Дар ин қатънома Шӯрои Амният суқуқти ҳавопайморо маҳкум кард ва аз ҷудоиталабон хост, ки бозрасони айналмиллалӣ ба маҳали суқут дастрасии комил пайдо кунанд. Ҷудоихоҳон 21 июл ҷаъбаҳои сиёҳи ҳавопайморо ба мақомоти Малйзия супурданд.

Ҷудоихоҳон, ки қисматҳои шарқии Украинаро дар контроли худ доранд, ҳамчунин розӣ шудаанд, ки ҷасадҳои қурбониён бо қатори роҳи оҳан ба шаҳри Харков интиқол дода шавад.

XS
SM
MD
LG