Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси метрои Маскав аз мақом барканор шуд


Ҳодисаи метро, акс аз бойгонӣ
Ҳодисаи метро, акс аз бойгонӣ

Баъд аз ҳодисаи фоҷеабори ҳафтаи гузашта дар метрои Маскав раиси метро аз мақом барканор шуд. Сергей Собянин-шаҳрдори Маскав эълон кард, ки Иван Бесединро 22 июл аз мақом сабукдуш кардааст.

Дар ҳодисаи метро 23 нафар кушта ва садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. 15 июл субҳгоҳӣ ҳангоме, ки аксари мардум ба кор мешитофтанд, 3 вагон аз роҳи оҳан хориҷ шуд. Қатор дар ин вақт ба суръати 70 километр дар соат ҳаракат мекард.

Дар миёни кушташудагон 2 шаҳрванди Тоҷикистон, 2 шаҳрванди Чин, як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Молдова ҳастанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон бародарзодаҳо Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов сокинони деҳаи Лоҳутии ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буданд.

Шаҳрдори Маскав Дмитрий Пеговро, ки то ҳол мудири умумии роҳҳои оҳани баландсуръати Русияро бар уҳда дошт, раиси метрои Маскав таин кард.

XS
SM
MD
LG