Пайвандҳои дастрасӣ

Абдулло Навҷувонов раиси пулиси Бадахшон шуд


Абдулло Навҷувонов, ки ҳамзамон муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон низ мебошад, ба таври муваққат сардори Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон баргузида шудааст. Раҳбари нави Раёсати корҳои дохилии Бадахшон аз соли 1991 ба ин тараф дар соҳаи умури дохилӣ фаъолият доштааст.

Абдулло Навҷувон дар ҳоле сардори раёсати умури дохилии Бадахшон таъин шудааст, ки аз якуним моҳ ба ин тараф раҳбари ин ниҳод Файзулло Нозимов дар рухсатӣ ба сар мебурд. Дар авоили моҳи июн сару садое дар мавриди ба рухсати рафтани сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон Файзулло Нозимов баланд шуда буд. Ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон аз ба рухсатии меҳнатӣ рафтани сардори корҳои дохилии вилоят Файзулло Нозимов дар рӯзҳое, ки тафтишоти нооромиҳои 21-24 май идома дошт, изҳори нигаронӣ карда буданд. Алим Шерзамонов, узви ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфта буд, дар рӯзҳое, ки пурсиши кормандони милиса сар шудааст, сардори раёсати корҳои дохилӣ бо баҳонаи рухсатии меҳнатӣ вилоятро тарк кардааст.

Аммо вазорати умури дохилии Тоҷикистон он замон гуфта буд, ба рухсатии меҳнатӣ рафтани сардори раёсати корҳои дохилии Бадахшон Файзулло Нозимов ба ҳеҷ сурат фирор аз ҷараёни тафтишоти ҳаводиси ахири Хоруғ нест. Сухангӯи вазорати умури дохилӣ ба "Озодӣ" гуфт, ки ба рухсатии меҳнатӣ баромадани сардори Раёсати корҳои дохилии Бадахшон Файзулло Нозимов аз рӯи тартиби ҳамин вазоратхона ва бо пеш омадани зарурат сурат гирифтааст ва дар ҳолати набудани сардори раёсат, муовини аввали ӯ ба ҳар масъалае, ки пеш меояд, посух хоҳад дод ва дар сурати зарурати бештар, сарфи назар аз он, ки Файзулло Нозимов дар рухсатии меҳнатӣ аст, даъват карда хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG