Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳидсозии Фурудгоҳи Душанбе бо «Тоҷикэйр»


Ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, нақлиёт, адлия, Кумитаи андоз ва Хадамоти зиддиинҳисориро муваззаф кардааст, ки дар зарфи ду моҳ тарҳи муттаҳидсозии идории ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва ҶСК«Тоҷик Эйр»-ро пешниҳод кунад. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 22 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки президенти кишвар ҳамчун раиси ҳукумати Тоҷикистон ду қарор содир кард, ки мувофиқи он Рустам Холиқов, ки дирӯз раиси ширкати "Тоҷикэйр" таъин шуд, ваколатҳои роҳбарии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо низ бар дӯш хоҳад дошт.

Яъне мувофиқи ин қарори ҳукумати кишвар, ба ӯҳдаи Холиқов Рустам директори генералии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҳамзамон иҷрои ваколатҳои директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» вогузор мешавад. Мувофиқи қарори дуввум, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазоратҳои молия, нақлиёт, адлия, Кумитаи андоз, Хадамоти зиддиинҳисори ва дигар вазорату идораҳои дахлдор оид ба масъала созмондиҳию ҳуқуқии муттаҳисозии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва «Тоҷик Эйр»-ро дар мӯҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида ба ҳукумат пешниҳод мекунанд.

XS
SM
MD
LG