Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам Латифов сабукдӯш шуд


Рустам Латифов аз вазифаи раиси ноҳияи Восеъ барканор карда шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 июл тайи як фармон Рустам Латифовро аз мақомаш барканор кардааст. Мӯсо Ғафуров ҳамзамон раиси ноҳии Восеъ таъйин шудааст. Дар хабари расмӣ сабаби барканории Рустам Латифов зикр нашудааст. Рустам Латифов қаблан раиси Кумитаи экологии Маҷлиси намояндагон буд ва дар авоили соли 2013 раиси ноҳияи Восеъ тайин шуда буд. Ӯ аз раҳбарони ҳизби аграрии Тоҷикистон аст, ки аз аҳзоби наздик ба ҳукумати кунунии Тоҷикистон шумурда мешавад.

XS
SM
MD
LG