Пайвандҳои дастрасӣ

Дзержинск таҳти назорати нерӯҳои украинӣ қарор гирифт


Нерӯҳои ҳукуматии Украина рӯзи 21 июлро шаҳри Дзержински вилояти Донетскро таҳти назорат қарор доданд. Ба иттилои ситоди амалиёти зиддитеррористӣ, низомиён теъдоди бузурги ҷудоихоҳонро асир гирифта, силоҳу лавизимоти зиёдеро мусодира карданд. Артиши Украина рӯзи душанбе болои бинои шаҳрдории Рубежное, шаҳраки воқеъ дар канори Донетск, ҳам парчами Украинаро боло кард. Ба иттилои расонаҳои Киев, баталёни “Айдар” ҷудоихоҳонро аз шаҳраки Юбилейний берун намуд.

Андрей Лисенко, сухангӯи Шӯрои амният ва мудофиаи Украина рӯзи 21 июл дар як нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, "дар ҳоле, ки дар шаҳрҳо даргириҳо идома доранд, мо иттилоъ дорем, ки дар Луҳанск ва Донетск гурӯҳҳои хурди муташаккил ҳам бо террористҳо мубориза мебаранд"

Аз ин пеш масъулини ҷумҳурии худхонаи Донетск, хабар дод, ки нерӯҳои ҳукуматӣ бо чаҳор тонк ва чанд зиреҳпӯш талоши вуруд ба шаҳри Донетскро карданд. Бар пояи хабарҳо, бозори назди истгоҳи роҳи оҳан оташ гирифта, вокзали “Западний” баста шудааст. Дар Донетск аз тири тӯпхона як манзили 9-қабата осеби ҷиддӣ дидааст.

XS
SM
MD
LG