Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон аз ду шаҳраки назди Донетск берун карда шуданд


Артиши Украина рӯзи душанбе болои бинои шаҳрдории Рубежное, шаҳраки воқеъ дар канори Донетск, парчами миллии Украинаро боло кард. Ба иттилои расонаҳои Киев, баталёни “Айдар” ҷудоихоҳонро аз шаҳраки Юбилейний берун намуд. Рӯзи душанбе набардҳо шадид барои шаҳри Дзержинск сурат гирифтанд.

Аз ин пеш яке аз раҳбарони ҷудоихоҳон гуфт, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамлаи густурда ба мавқеъҳои ҷудоихоҳон дар шарқи шаҳри Донетскро шурӯъ карданд. Ба иттилои Сергей Кавтарадзе, як мақоми ҷумҳурии худхонаи Донетск, чаҳор тонк ва чанд зиреҳпӯши нерӯҳои украинӣ талоши вуруд ба шаҳрро карданд. Бар пояи бархе хабарҳо, бозори назди истгоҳи роҳи оҳан оташ гирифта, вокзали “Западний” баста шудааст. Аз ҷониби фурудгоҳ низ садои тирандозӣ ва таркишҳо ба гӯш мерасад. Аз тири тӯпхона як манзили 9-қабата осеби ҷиддӣ дидааст. Дар бораи талафот дар ин задухӯрдҳо ҳанӯз иттилое зери даст нест.

Шаҳрдории Донетск аз мардум хост, ки аз манзилҳояшон берун нараванд ва аз истифодаи чанд роҳ, аз ҷумла, шоҳроҳи Красноармейское парҳез кунанд.

Як мансабдори вазорати дифои Украина ба хабаргузориҳо гуфт, ки “марҳалаи фаъол”-и амалиёт шурӯъ шудааст ва аммо аз тавзеҳоти бештар худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG