Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон хостори ба 18 соли маҳбас маҳкум кардани Зайналов шуд


Додситон дар мурофиаи додгоҳии қатли сокини шаҳраки Бирюлово Егор Шербаков хостори ба 18 соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум кардани шаҳрванди Озарбойҷон Орхан Зайналов шуд. Муҳокимаи ин парванда дар Додгоҳи шаҳри Маскав идома дорад. Додситон ҳамчунин талаб дорад, ки аз муҷрим ба фоидаи падари Шербаков ба маблағи 5 миллион рубл ҷубронпулӣ ситонда шавад.

Бар пояи фарзияи тафтишот, 10 октябри соли гузашта Орхан Зайналов дар ҳоли мастӣ ҳангоми баҳс ба тан Шербаков ду бор бо корд зад. Егор Шербаков дар ҷойи ҳодиса ҷон дод.

Додситон дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор намуд, ки гуноҳи Орхан Зайналов комилан собит шудаааст.

Куштори Егор Шербаков боиси нооромиҳо дар Бирюлово ва ҳамлаи густурдаи ҳам Хадамоти федеролии муҳоҷират ва ҳам миллатгароҳои рус ба сокинони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз шуд. Дар Бирюлово чандин ҳазор муҳоҷирони кориро барои чанд рӯз боздошт ва баъдан як теъдод аз онҳо аз Русия ихроҷ карданд.

XS
SM
MD
LG