Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун: Баргузории амалиёт дар минтақаи сераҳолӣ ваҳшоният аст


Шӯрои амнияти СММ аз афзоиши қурбониён дар борикаи Ғазаҳ изҳори нигаронӣ кард ва хостори оташбаси фаврӣ шуд. Аъзои Шӯрои амният қатъномаро дар ин бора дар ҷаласаи пушти дарҳои баста шоми якшанбе пазируфтанд.

Қатъномаи Дабири кулли СММ Бан Ки Мун қабл аз ҷаласаи Шӯрои амният куштори садҳо фаластиниҳо бар асари амалиёти заминии артиши Исроил ва бараҳмӣ дар даргириҳоро маҳкум намуд. Ӯ баргузории амалиёт дар минтақаи сераҳолиро “ваҳшоният” номид. Изҳороти Бан Ки Мун рӯзи душанбе дар Қатар баён гардид, ки сафараш ба кишварҳои Ховари Миёна аз он ҷо шурӯъ шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, теъдоди қурбониён бар асари амалиёти артиши Исроил алайҳи гурӯҳи ҲАМОС дар Ғаззаҳ, ки ду ҳафта боз боз идома дорад, аз марзи 500 нафар убур кард. Фақт рӯзи якшанбе дар ин амалиёт сад фаластинӣ, аз ҷумла, даҳҳо зану кӯдак ва 13 низомии исроилӣ кушта шуданд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи душанбе, ба хотири баррасии мавзӯи коҳиши шиддат дар робитаҳои миёни Исроилу Фаластин, вориди Қоҳира, пойтахти Миср мешавад.

XS
SM
MD
LG