Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 нафар дар тирандозие дар Маҳмудияи Ироқ


Бар асари тирандозӣ аз миномёт дар як шаҳри асосан шианишини воқеъ дар ҷануби Бағдод 9 нафар ба ҳалокат расид. Масъулини полиси шаҳри Маҳмудия рӯзи душанбе хабар доданд, ки тирандозӣ шоми якшанбе дар мавзеъи барои шиаҳо муқаддаси Ҳусейния сурат гирифт.

Масъулияти тирандозиро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Дар як ҳодисаи дигар дар Ироқ, рӯзи душанбе бар асари ду таркиши минаҳои сарироҳӣ дар вилояти Абу Ғрейб, воқеъ дар ғарби Бағдод, панҷ ироқии шиаи ихтиёран ба сафи нерӯҳои ҳукуматӣ пайваста кушта шуданд.

Як рӯз аз ин пеш бар асари ҳамлаҳо дар манотиқи асосан шианишини Бағдод дасти кам 27 нафар ҷон бохтанд. Масъулияти ҳамлаҳоро гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” бар дӯш гирифт. Ин гурӯҳ моҳҳои ахир бахши аъзами шимол ва ғарби Ироқро таҳти назорат қарор додааст.

XS
SM
MD
LG