Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти алоқа аз баста шудани "Одноклассники" бехабарӣ кард


Хадамоти алоқа аз масдуд шудани шабакаи «Одноклассники» изҳори бехабарӣ кард. Дафтари матбуоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 21 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз масдуд шудани шабаки иҷтимоии «Одноклассники» хабар надоранд ва имрӯз мушаххас хоҳанд кард, ки иллати боз нашудани он чӣ мебошад. Ин манбаъ меафзояд, сарфи назар аз он, ки расонаҳои хабарӣ дар мавриди баста шудани ин шабакаи иҷтимоӣ хабар додаанд, вале тайи ин ду рӯзи таътил маълум карда нашудаааст, ки иллати баста шудани он чи мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Ассомиддин Атоев раиси Анҷумани дастраскунандагони интернети Тоҷикистон бо такя ба таҷрибае, ки доранд, мегӯяд, "Одноклассники" бо дастури махсус масдуд карда шудааст. Вай гуфт, ки бар асоси санҷише, ки то кунун анҷом додаанд, феълан дар ширкатҳои «Бабилон Мобайл», «Бабилон Т» ва «Билайн» дастрасӣ ба Однокласникӣ ғайримумкин аст. Ба нақли ҷаноби Атоев, агар шабакаи Фейсбук беш аз 60 ҳазор корбар дар Тоҷикистон дошта бошад, "Однокланссники" беш аз 300 ҳазор корбар дорад. Ассомиддин Атоев мегӯяд, ки хомӯшии Хадамоти алоқа дар мавридҳое, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвар масдуд мешаванд, шубҳаро дар хусуси ин, ки масдуд шудани Однокласники кори дасти Хадамот бошад, бештар мекунад.

XS
SM
MD
LG