Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ: Боинг-777 аз сӯи ҷудоихоҳон бо мушаки русӣ сарнагун шудааст


Мушаки “замин-ҳаво”-ро, ки ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия аз он суқут кардаст, Русия дар ихтиёри ҷудоихоҳон гузоштааст. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, шоми якшанбе дар сӯҳбат бо хабарнигори шабакаи телевизионии CNN, изҳор намуд, ки Амрико дар ин бора маълумоти мӯътамад зери даст дорад. Ба гуфтаи ӯ, Вошингтон мутмаин аст, нерӯҳои украинӣ дар қаламраве, ки ҳавопаймо сарнагун шуд, таҷҳизоти мушакии “Бук” надоштанд.

Ҷон Керрӣ хабар дод, ки ба зудӣ дар ин мавзӯъ раисиҷумҳур Барак Обама ва президенти Русия Владимир Путин телефонӣ сӯҳбат мекунанд.

Мақомоти кашфи Амрико асл будани сабти садоиеро, ки дар он ҷудоихоҳон сарнагунсозии ҳавопайморо эътироф мекунанд, эътироф намуданд. Дар ин бора рӯзи душанбе сафорати ИМА дар Киев хабар дод.

Ҳавопаймои Боинг-777, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июл дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса ҳамаи 298 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд. То имрӯз ҷасади 251 нафари онҳо ошкор карда шудааст.

XS
SM
MD
LG