Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ИДМ оид ба дзюдо


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии кишварҳи узви ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) оид ба дзюдо байни Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ереван се медал ба даст оварданд.

Полковник Фарҳод Раҳматуллоев, сардори Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 21-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо миёни нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ки дар пойтахти Арманистон доир шуд, бо се медал баргаштанд

Вай афзуд, «дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки аз 15-ум то 19-уми июл дар пойтахти Арманистон – Ереван - баргузор шуд, ба ҷуз варзишгарони тоҷик, дзюдочиён-низомиёни Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия иштирок карданд. Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа, пеш аз ҳама, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобила миёни артишҳои дӯст мебошад. Бинобар ин ҳамасола Спартакиадаи артишҳои дӯсти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти шиори “Дӯстӣ тавассути варзиш” доир мешавад. “

Ба иттилои ҷаноби Раҳматуллоев ба ҳайати мунтахаби кишвар чор варзишгар - Хушқадам Хисравов (60 кг), Шердил Боқиев (66 кг), Ҷаҳонгир Толибов (73 кг) ва Зайналобуддини Аъзамхон (81 кг) шомил буданд. Се нафари онҳо - Хушқадам Хисравов, Шердил Боқиев ва Зайналобуддини Аъзамхон, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон бо касби 4 медали тилло, 1 нуқра ва 1 нишони биринҷӣ ғолиб гашт. Мунтахаби Русия ҷойи дувум ва дастаи Беларус ҷойи севумро азони худ карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар чор вазн гуштигирони Арманистон -

Григор Мхитарян (-55 кг), Григор Иванян (-60 кг), Аветик Григорян-73 кг ва Акоп Аракелян (- 100 кг), дар ду вазн варзишгарони Русия - Арсен Колосов (-66 кг) ва Алан Хубетсов (-81 кг) ва дар як вазн намояндаи Беларус - Владимир Шумейко (- 90 кг) ҷойҳои аввалро касб карда, бо медалҳои тилло сарфароз шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии артишҳои дӯсти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар риштаи дзюдо гардида буд. Дастаи Арманистон дар мақоми дувум ва тими Қирғизистон дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Адилет Ботакалов (-60 кг, Қирғизистон), Нерҷан Калтаев (-66 кг, Қазоқистон), Артур Ероносян (-73 кг), Мегер Карапетян (-81 кг, ҳарду аз Арманистон), Абубакр Зоиров (-90 кг), Дадохон Қурбоналиев (-100 кг) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг, ҳарсе аз Тоҷикистон) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гашта буданд.

- Дар Душанбе дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳайати пурра рақобат карда буд. Вале мо ин дафъа имконият надоштем, ки ба шаҳри Ереван дар ҳамаи вазнҳо варзишгаронамонро сафарбар намоем, - иброз дошт Фарҳод Раҳматуллоев.

XS
SM
MD
LG