Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор бонк ба системаи "Мобилбонкинг" мегузаранд


Чаҳор бонк дар Тоҷикистон ба системаи хизматрасонии «Мобилбонкинг» мегузаранд. Дафтари матбуоти Бонки миллӣ 21 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз дар як маросими муаррифӣ, ки дар Бонки миллӣ баргузор хоҳад шуд, чаҳор бонк ва ташкилотҳои қарздиҳии ба системаи «Мобилбонкинг» гузашта, ба шаҳрвандон имкон медҳанд, ки аз тариқи телефони мобилӣ амалиёти интиқоли маблағ, санҷидани ҳаҷми маблағ дар суратҳисоб, аз суратҳисоб ба суратҳисоби дигар интиқол додан маблағ ва амалиётҳои дигар, анҷом дода мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки «Агроинвестбонк», «Имонбонк» ва ду ташкилоти қарздиҳии мавсум ба «Авфар» ва «Самар»» расман аз фаъолияти "Мобилбонкинг" хабар медиҳанд. Маросими муаррифии ин системаи хизматрасонӣ соати 15:00 дар бинои Бонки миллӣ сурат хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG