Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср барои куштори марзбонон 3 рӯз мотам эълон шуд


Абдулфаттоҳ Сиссӣ-раиси ҷумҳури Миср гуфт, ҳамлае ки дар он 22 марзбон кушта шуданд, “бидуни ҷавоб нахоҳад монд”. 19 июл дар марз бо Либия ин марзбонони Миср ба қатл расонда шуданд.

20 июл Сиссӣ гуфт, ки «терроризм дар ҳар қисмати Миср решакан хоҳад шуд». Вай ҳамчунин дар кишвараш барои куштори марзбонон се рӯз мотам эълон кард. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки қотилон қочоқчиён будаанд.

Вале сухангӯи артиш дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст, ки “террористҳо” дар паси ин ҳамла қарор доштаанд. Мақомоти расмӣ вожаи “террорист”-ро барои тундравҳои исломӣ истифода мекунанд.

Ин ҳамла дар маҳале бо номи Вадӣ Ҷадид сурат гирифтааст, ки дар марзи миёни Либия ва Судон ҷойгир аст. Бино ба гузоришҳо, ҳамлакунандагон дар даргириҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG