Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фурудгоҳи Донетск аз контроли ҷудоихоҳон хориҷ шуд


Нируҳои ҳукуматии Украина шаби якшанбе фурудгоҳи шаҳри Донетскро ба назорати худ дароварданд. Дар ин бора Валерий Ҳелетей-вазири дифои Украина хабар додааст. Бино ба гуфтаи вай, дар атрофи фурудгоҳ посгоҳҳои артиш ташкил кардаанд.

Ҷудоихоҳони мусаллаҳи ҷонибдори Русия ҷуръати наздик омадан ба масофаи тиррасро надоранд ва аз канори шаҳри Донетск ба сӯи фурудгоҳ аз оташи хумпораандоз истифода мекунанд.

Рӯзҳои гузашта артиши Украина ҷудоихоҳонро аз назорат бар фурудгоҳи Луҳанск маҳрум сохт. Дмитрий Тимчук-раҳбари Маркази таҳқиқоти низомиву сиёсӣ дар сафҳаи Facebook-и худ навишт, ки шаби гузашта мавозеи нируҳои украинаиро ду бор аз қаламрави Русия аз хумпорандоз мавриди ҳамла қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG