Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаҳои энержии Қирғизистон барои ду-се соли наздик


Обанбори Токтагул

Обанбори Токтагул

Ҷоомарт Оторбоев-нахуствазири Қирғизистон ба матбуот гуфт, кишвараш умед дорад, ки дар солҳои наздик чанд ниругоҳи барқи обиро таъмир ва ҳамзамон ниругоҳҳои навро ба кор дарорад.

Ба гуфтаи вай, Бонки Осиёии Рушд барои таъмири Токтогул-бузургтарин ниругоҳи Қирғизистон дар солҳои 2016-2017 40 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Қирғизистон умед дорад, ки дар солҳои 2016-2017 ба сохтмони ниругоҳи Қамбар Ота-1 шуруъ кунад. Тавоноии ин ниругоҳ 1860 Мегаваттро ташкил медиҳад ва барои сохтмони он 3 миллиард доллар зарур аст. Ҳоло Қирғизистон дар ин бора бо Русия музокира мекунад ва посухи Русияро интизор аст, то барои сохтмони он як корхонаи муштарак ташкил диҳанд.

XS
SM
MD
LG