Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон роҳҳои ғайримаъмулии тақсими марзро мехоҳад


Абдураҳмон Маматалиев

Абдураҳмон Маматалиев

Абдураҳмон Маматалиев-муовини нахуствазири Қирғизистон дар умури амниятӣ бар ин ақида аст, ки то ҳол таъйини хати марз бо Узбакистону Тоҷикистон ба поён нарасидааст ва мумкин аст вақти зиёдро дар бар бигирад. Вай дар мусоҳиба бо Интерфакси Русия гуфтааст, ки ин кор бояд бо ризояти ҷонибҳо сурат бигирад.

Вай гуфтааст, то ҳол 54 дарсади хати марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудааст ва барои таини 46 дарсади дигар бояд ба хулоса расид, ки аз кадом санадҳои таърихӣ истифода кунанд.

Маматалиев гуфтааст, , ки Қирғизистон ҳангоми таини хати марз манофеи давлатии худро дар назар мегирад. Марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон 970 километрро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи муовини нахуствазири Қирғизистон, дар мулоқот бо Муродалӣ Алимардон-муовини нахуствазири Тоҷикистон ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки бояд барои таини хати марз ягон қарор ғайримаъмулиро пайдо кунанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон истисно намедонад, ки барои суръат бахшидан ба раванди таини хати марз бо Узбакистону Тоҷикистон бояд асноди Алмаато асос дониста шавад. Ин санад ҳангоми фурӯпошии Шӯравӣ ва ташкили давлатҳои муштаракулманофеъ ё СНГ имзо шуда буд. Дар он гуфта мешавад, ки марзҳои мавҷудаи давраи Шӯравӣ бояд марзҳои миёни давлатҳои тозабунёд эътироф шавад.

XS
SM
MD
LG