Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: Бояд ба бозрасон дастрасии комил дода шавад


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико изҳор дошт, ки бозрасон бояд ба маҳали суқути ҳавопаймои Малайзия дар шарқи Украина дастрасии комил дошта бошанд. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, ки Ҷон Керрӣ ин суханонро дар сӯҳбати телефонӣ бо Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия баён доштааст.

Ҷон Керрӣ ҳамчунин гуфт, ки Амрико аз гузоришҳо дар бораи ба ҷои дигар бурдани қурбониён ва пораҳои ҳавопаймо “хеле нигарон” аст. Ҳавопаймо 17 июл суқут дода шуд ва дар он 298 кас ба ҳалокат расиданд.

Ҷон Керрӣ гуфт, Вашингтон ҳамчунин аз пурра роҳ надодани нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва бозрасони байналмиллалӣ ба маҳали суқути ҳавопаймо нигарон аст.

Украина ҷудоихоҳони ҷонибдори Русияро дар шарқи Украина муттаҳам кардааст, ки ба корҳои бозрасӣ мудохила мекунанд ва ҷасади қурбониёну пораҳои ҳавопайморо ба ҷои дигар мебаранд.

XS
SM
MD
LG