Пайвандҳои дастрасӣ

Як корбари Радиои Озодӣ бо номи Амини Баҳромзод, ки худро "хонандаи синфи 9 "В” муаррифӣ кардааст, навиштае роҷеъ ба ҷойгоҳи ахлоқ ва маърифат дар як ҷомеа фиристодааст, ки инҷо нашр мешавад.

Ахлоқ ҳамеша рукни боло бурдани сатҳи маданият, иқтисод ва тамоми соҳаҳои ҷомеа будааст ва мебошад.

Таърих шоҳид аст, ки ҳар ҷомеае аз ахлоқу дониш ба ҳар андозае дурӣ гузинад, ҳамон андоза ба рукуди худ наздикӣ кардааст. Барои мисол тамаддуни Шарқ аз охирҳои асри Х то асри XV давраи тиллоии худро аз сар гузаронд, чунки дар ин рӯзгор тамаддуни Шарқ дорои сатҳи баланди ахлоқи маърифатӣ ва сипас дониш буд.

Дар ин асрҳо модари Шарқ фарзандони фарзона ва барӯмандеро дар домони худ парварид ва пешкаши ҷомеа намуд, ки дорои ахлоқи ҳамида ва фарҳанги волои инсонӣ, дониш ва дигар тавоноиҳо буданд. Ин фарзандон таърихро шигифтзада ва ҷаҳонро тасхир намуданд. Ва онҳо парвардаҳои мактаби воҳид, мактаби бузурги Шарқ буданд.

Дар аснои хондани гуфтаҳои боло дар зеҳни хонанда суолҳое пайдо мешаванд, амсоли: "Чаро модари Шарқ (тоҷик), ки иддао мекунад, дорои фарҳанг ва ахлоқи шарқиёна (тоҷикона) аст, дигар фарзандони фарзонаву барӯманд ба воя намерасонад?”

Банда азм гирифтаам, ки дар қолиби як муроҷиат ба ин суол, каме ҳам бошад, аз нигоҳи худам равшанӣ андозам. Сабабҳои кам будани фарзандони фарзона ва барӯманди Шарқ (тоҷик) дар айни замон бисёранд, ки дар поён якчандтои онҳоро дида мебароем.

А) Сабаби якум ва мушкил ин сатҳи пасти ахлоқ ва маърифати тамаддуни Шарқ (тоҷик) дар ҷаҳони имрӯза мебошад.

Шарқ имрӯзҳо ҷаҳони III-вум ба ҳисоб меравад, ки ин ҳама марбут ба сатҳи пасти ахлоқи ҷомеъа мебошад. Имрӯзҳо коҳиши ахлоқ дар ҷомеаи мо ба назар мерасад, ки ин раванд хушбахтона суръати худро каме паст кардааст. Роҳҳои халосӣ аз ин мушкил зиёд аст. Яке аз онҳо ин намунасозӣ барои ҷавонон ва насли наврас мебошад. Падарону модарон, муаллимон ва зиёиён бояд намунае шаванд, то ҷавонон ва насли наврас тавонанд онҳоро дар зиндагӣ сармашқи худ қарор диҳанд.


Б) Сабаби дуввум ин паст будани сатҳи дониш дар ҷомеа мебошад, ки нақши ахлоқи бад дар ин хеле бузург аст ва он садди роҳ ба сӯи дониш аст. Бо ислоҳи ахлоқ табиист ки дониш низ пешрафт мекунад.

Умедворем дар ояндаи наздик бо зиёдшавии теъдоди макотиби шарқӣ ва сирф тоҷикона, ахлоқ ва дониш дар ҷомеаи мо ислоҳ мешавад ва ба овони тиллоии худ дар таърихи башарият бирасем ва онгоҳ мо метавонем сарамонро ба баландии қуллаи Исмоили Сомонӣ бардорем, бо садои баланд, ба паҳноии ин кураи хокӣ, бо ифтихор фарёд занем: "Мо тоҷикем!”

Ин танҳо бо талоши зиёд ва кӯшиши хастагинопазир муяссар мешаваду бас.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG