Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз сездаҳ рӯзи буҳрони ҷангӣ миёни Исроил ва Ғаза, талошҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ барои барқарории оташбас байни ду тарафи даргир бештар шудааст.

Рӯзи шанбе дабири кулли СММ ба минтақаи Ховари Миёна рафт, то тарафҳои даргири исроилӣ ва фаластинро ташвиқ кунад, ки ба ҳамлаҳои худ поён диҳанд.

Вазири умури хориҷии Фаронса ҳам рӯзи шанбе ба минтақаи Ховари Миёна рафтааст ва бархе аз расонаҳои ҷаҳони араб навиштаанд, ки эҳтимолан вазири умури хориҷии Амрикон Ҷон Керри низ то рӯзи якшанбе ба минтақа бирасад ва ин бӯҳронро, ки сабаби талафот ва осеби бисёр дар тарафи фаластиниҳо шудааст, баррасӣ кунанд.

Рӯзи якшанбе Қатар мизбони гуфтугӯҳои сиёсӣ байни Маҳмуд Аббос, раиси ҳукумати худмухтори Фаластин ва дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва Холид Машъал, аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи Ҳамос хоҳад буд. Як мақоми қатарӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки Маҳмуд Аббос пас аз дидор бо Бан Кӣ Мун, бо Холид Машъал, раҳбари ҷиноҳи сиёсии Ҳаракати муқовимати исломӣ (Ҳамос) дидор хоҳад кард. Як манбаи огоҳ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳаммад Оли Сонӣ ба унвони як "пули иртиботӣ" миёни Ҳамос ва ҷомеаи байналмилалӣ дар ин музокирот ҳузур хоҳад дошт.

Бинобар ин гузориш, Қатар дархостҳои Ҳамос барои пазуруфтани оташбасро ба ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод кардааст. Номгӯи ин дархостҳо барои Фаронса ва Созмони Милали Муттаҳид фиристода шуда ва музокироти рӯзи якшанбе дар атрофи ин шартҳои оғоз хоҳад шуд.

Аз оғози ҷанг дар Ғаза 13 рӯз сипари мешавад ва то кунун беш аз 320 нафар аз мардуми Ғаза, ки миёни онҳо занон ва атфол мебошанд, кушта шудаанд.

Дар авҷи бӯҳрони ҷангии миёни Исроил ва Ҳамос дар Ғаза ва дар ҳоле, ки артиши Исроил нерӯҳои заминии худро риз вориди ҷанг кардааст, гурӯҳҳои чапгарои исроилӣ алайҳи тасмимоти артиш ва ҳукуматашон тазоҳурот карданд.

Садҳо тан аз чапгароён дар пайи эъломи артиши кишварашон барои оғози амалиёти дар шимоли Ғаза, дар Тел-авив ва Байтулмуқаддас даст ба тазоҳурот заданд. Касоне, ки дар ин эътирозҳо ширкат кардаанд, бештарашон сарбозоне будаанд, ки дар бӯҳронҳои ҷангии гузашта миёни ду тарафт иштирок доштаанд.

Ба навиштаи рӯзномаҳои исроилӣ, яке аз сухангӯёни эътирозгарон гуфтааст, Исроил солҳои пайдарпай дар Ғаза даст ба амалиёти низомӣ зад, аммо мушкил ҳал нашуд ва беҳтар аст ба ҷои истифода аз нерӯ, аз равишҳои сиёсӣ кор бигирад. Гуфта мешавад задухӯрдҳое низ миёни ростгароён ва чапгароёни мухолифи ҷанг, ки тазоҳурот ба роҳ андохта буданд, сурат гирифтаааст.

Аз сӯе, пулиси Исроил эълом кардааст, ки шуморе аз афроди ростгароро ки бо эътирозгарон даст ба гиребон шудаанд, боздошт кардааст. Дар ҳоли ҳозир чандин шабу рӯз мешавад, ки чапгароёни мухолифи ҷанг дар яке аз майдонҳои Телавив ҷамъ омадаанд, то хашми ростгароён бештар барангехта шавад.

Тазоҳуроти зидди ҷангӣ ҳамчунин дар дигар кишварҳои ҷаҳон, аз Аврупо то Ховари Миёна ва то Покистону Туркия ва Индонезия сурат гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG