Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорат: "Расонидани ҷубронпулӣ ба қурбониён дар салоҳияти Маскав аст"


Иқдоми як гурӯҳи аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди конусулгарии Тоҷикистон дар Маскав.
Иқдоми як гурӯҳи аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди конусулгарии Тоҷикистон дар Маскав.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки расонидани ҷубронпулӣ ба қурбониён ва осебдидагони садамаи қатор дар метрои Маскав дар доираи салоҳияти мақомоти рус буда ва сафорат танҳо дар ҳуҷҷатгузориҳо кӯмак мерасонад.

Сафорати Тоҷикистон дар вокуниш ба иқдоми як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки кӯшиши гирдиҳамоӣ дар назди бинои хадамоти консулгарии Тоҷикистонро доштанд, мегӯяд, масъалаи пардохти ҷубронпулии ваъдакардаи ҳукумати шаҳри Маскав ба қурбониёни садамаи қатор дар метрои пойтахти Русия, дар салоҳияти мақомоти рус мебошад

Тибқи иттиллои расонаҳои русӣ, мақомоти интизомии Маскав як гурӯҳи хурди бошандони Тоҷикистонро, ки дар назди консулгарӣ дар пойтахти Русия ҷамъ омада буданд, то аз мақомот бихоҳанд ҷуборонпулӣ ба осебдидагони фоҷиаи қатора дар метрои Маскавро бидиҳад, боздошт карданд. Онҳо ҳамчунин талаб кардаанд, ки чаро то кунун раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои қурбониён тасаллият арз накардааст.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 19 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи маълумоте, ки онҳо дар даст доранд, танҳо дирӯз Раёсати ҳимояи иҷтимоии аҳолии ҳукумати шаҳри Москва қабули ҳуҷҷатҳои зарардидагон ва намояндагони ашхоси дар ин садама фавтидаро оғоз намудааст, ки он дар доираи тартиботи муайян мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҳамаи онҳо новобаста аз макони зист ва тобеияти шахрвандияшон, дода хоҳад шуд.

Қаблан ҳукумати шаҳри Москва хабар дода буд, хонаводаҳои ашхоси дар ин садама фавтида 1 миллион рубл, нафарони ҷароҳати вазнин бардошта- 500.000 рубл, ҷароҳати миёна- 250.000 рубл ва ҷароҳати сабук бардошта-50.000 рубли русӣ аз будҷаи шаҳр кӯмакпулӣ дарёфт хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манбаъ, хадамоти консулгарии сафорат, аллакай ба наздикони хонаводаи ду шаҳрванди фавтидаи Точикистон дар масъалаи хуҷҷатгузори кӯмак намуда, дар масъалаи тайёр ва ҷамъ намудани мавод ва ҳуҷҷатҳои лозима ҷиҳати дарёфти ин кӯмакпулии ҳукумати шаҳри Москва изҳори омодагӣ намудааст.

Дар садамаи рӯзи 15 июл дар метрои Маскав дастикам 23 нафар, бо шумули 2 шаҳрванди Тоҷикистон -- Бӯрибой Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов ҳалок шуда, беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар байни захмиҳо низ 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаст. Аз миёни онҳо вазъи Мӯъминшо Муносибатшоев вазнин гуфта мешавад.

Равон шуданд се ҷавон...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:53 0:00

XS
SM
MD
LG