Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар назди консулгарии Тоҷикистон дар Маскав


Бино бар гузориши пулиси Маскав, як гурӯҳ ашхоси номаълум дар назди бинои Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия кӯшиши баргузории гиридиҳамоӣ намудаанд ва ин талоши онҳо дар асоси талаботи қонун ва мувофика намудан бо макомоти русӣ роҳандозӣ нашудааст.

Дар ин бора дафтари матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Бино ба ин хабар, сафорат низ ягон мурочиат ва ё талаботи мантиқии ин гурухи шахрвандонро дастрас накардааст. Агар сухан дар мавриди ёрии пулии чониби руси ба фавтидагон ва зарардидагони садама дар метрои Москва бошад, чуноне ки дар шабакахои ичтимоии Интернет бар он ишора мекунанд, ин кор дар доираи салоҳияти мақомоти марбутаи ҷониби Россия мебошад.

18 июл Раёсати ҳимояи иҷтимоии аҳолии Ҳукумати шаҳри Маскав қабули ҳуҷҷатҳои зарардидагон ва намояндагони ашхоси дар ин садама фавтидаро оғоз намудааст, ки он дар доираи тартиботи муайян мавриди барраси карор гирифта, ба ҳамаи онхо новобаста аз макони зист ва тобеъияти шаҳрвандияшон дода хоҳад шуд.

Хукумати шаҳри Маскав мегӯяд, хонаводаҳои ашхоси дар ин садама фавтида 1 миллион рублӣ, нафарони ҷароҳати вазинин бардошта 500.000 рублӣ, ҷароҳати миёна 250.000 рублӣ ва ҷароҳати сабук бардошта 50.000 рублӣ аз будҷаи шаҳр кӯмакпулӣ дарёфт хоҳанд кард.

Дар хабари сафорат омадааст, ки ба шаҳрвандони кишвараш ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG