Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон дастрасӣ ба "Однокласники" маҳдуд шудааст


Матбуоти Тоҷикистон, аз қавли корбарони шабакаи иҷтимоии “Однокласники”-и Русия навиштаанд, ки аз субҳи 19 июл дастрасӣ ба ин шабака дар Тоҷикистон имконпазир нест. Хабаргузории Азия Плюс навиштааст, корбарони интернет аз тариқи Saturn Online, Вавилон-Т, Мегафон Тоҷикистон ва Tcell наметавонанд ба шабакаи “Однокласники” роҳ ёбанд.

Ахиран дар Тоҷикистон корбарони YouTube низ ду бор ба чунин мушкил гирифтор шуданд ва Хадамоти алоқаи назди ҳукумаати Тоҷикистон гуфта буд, ки наметавонад бо чунин вазъ коре кунад.

Дар бораи қатъи дастрасӣ ба “Однокласники” касе аз мақомти зидахл тавзеҳот надодаст ва ё сабаби онро эълон накардаанд.

Дар ин кишвар бастани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои матбуоти мустақил барои муддате ба кори тақрибан маъмулӣ табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG