Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи тамрини низомии донишҷӯён ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти беҳудаи лавозимоти ҳарбӣ, аз як моҳ ба 15 рӯз кам карда шудааст.

Вазорати дифоъи Тоҷикистон давраи тамрини низомии донишҷӯёни донишгоҳҳоро дар пойгоҳҳои низомии кишварро аз 1 моҳ ба 15 рӯз ихтисор намуда ва ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти беҳуди лавозимоти ҳарбӣ ҳангоми машқи низомӣ, истифода аз силоҳ ё тирпарониро низ манъ кардааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мувофиқи низомномаи ҳарбӣ, давраи тамрини низомии донишҷуёни донишгоҳҳо дар пойгоҳҳои низомии кишвар 1 моҳро дар бар мегирад, вале ба хотири сарфаҷӯии хароҷоти лавозимоти ҳарбӣ ба 15 рӯз кам ва тирпаронӣ низ ихтисор шуд.

Донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбие, ки барои тамрини ҳарбӣ дар доираи ҷамъомади низомӣ ҷалб карда мешаванд, ба хотири сарфакории хароҷоти лавозимоти ҳарбӣ, аз силоҳҳо тир намепаронанд.

Яке аз устодони кафедраи ҳарбии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳафтаи гузашта тамрини низомии донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ дар зарфи 15 рӯз хотима ёфт, вале дар ин муддат аслан донишҷуён аз силоҳҳо тир напаронданд.

Вай гуфт, ки дар гузашта донишҷӯён аз автомат ва пулемёти "Калашников" тирпаронӣ мекарданд ва ин имкон медод, донишҷӯ таҷрибаи амалии ҷангӣ пайдо кунад. Ба гуфтаи вай, супоридани ин гуна имтиҳонҳо гирифтани билети ҳарбиро осонтар мекард ва гузашта аз ин, донишҷӯ дар руйхати афсарони захиравӣ шомил мешуд.

Самандар Сафаров, донишҷуи Донишгоҳи тибии Тоҷикистон мегӯяд, ки тайи чанд соле, ки дарси назариявӣ дар кафедраи ҳарбӣ гузаштаанд, мебоист дар тамрини ҳарбӣ аз силоҳҳо тирпаронӣ мекарданд, вале баъзе омӯзгорон гуфтаанд, ки нархи гулулаи тир гаронтар шудааст ва донишҷӯён тирпаронӣ накарданд

Вай меафзояд, ки қаблан дар давраҳои машқи ҳарбӣ аз зиреҳпӯшҳо истифода мешуд ва донишҷӯён барои таҷрубаи ҳарбӣ зирешпӯшҳоро меронданд, аммо ҳоло аслан аз ин истифода намешавад.

Аммо Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, дар сол ҳудуди 7 ҳазор донишҷӯ аз кафедраҳои ҳарбӣ имтиҳон месупоранд ва давраи тамрини низомӣ ё худ ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд, вале на ҳамаи онҳо дониши хуби назариявӣ дар бораи силоҳҳои ҳарбӣ доранд ва аз ин рӯ зарур нест, ки ҳамаи онҳо тирпаронӣ кунанд.

Ҳоло дар кафедраҳои ҳарбӣ тасмим гирифтаанд, ки дониши назариявии донишҷӯ ҳамаҷониба санҷида шавад ва танҳо дар сурати бомуваффақият супоридани санҷишҳо, донишҷу барои тирпаронӣ ва истифодаи амалӣ аз силоҳҳо иҷозат дода хоҳад шуд. Ҷаноби Маҳмадалиев афзуд, ки маҳз ҳамин донишҷӯёни муваффақ дар феҳрасти афсарони захираи ҳарбӣ шомил карда хоҳанд шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG