Пайвандҳои дастрасӣ

Директори чопхонаи «Суҳайл» дар ноҳияи Ҳисор ба асардуздӣ ва бе ризояти муаллиф чопу паҳн намудани китобҳои таълимӣ муттаҳам дониста шуд.

Қазияи асардуздии мудири матбааи «Суҳайл»- ноҳияи Ҳисор Бахтиёр Убайдуллоев, аз он шурӯъ шуд, ки Акрами Абдулҳамид, як эҷодкор аз паҳн шудани се асараш дар дӯконҳои китобфурӯшии ноҳияи Ҳисор ба бахши мубориза зидди ҷиноятҳои зидди моликияти зеҳнии Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Акрами Абдулҳамид, муаллифи ин осор, рӯзи ҷумъаи 18 июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин асарҳо ҳамчун раҳнамо барои устодони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ навишта шуда, дар назар буд, дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм паҳн шаванд."

Ба гуфтаи ҷаноби Абдулҳамид, дар пайи ҷустуҷӯи кормандони бахши мубориза зидди ҷиноятҳо ба муқобили моликияти зеҳнӣ маълум шуд, ки Бахтиёр Убайдуллоев, мудири чопхонаи «Суҳайл» бо роҳҳои ғайриқонунӣ, бидуни иҷоза ва ишора накардани макони нашр ба хотири даромади муфт ин осорро бо теъдоди бештар аз 4 ҳазор нусха чоп кард ва ба фурӯш баровардааст.

Ҷаноби Абдулҳамид мегӯяд, асарҳои таълифнамудааш, кори устодони мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро ба маротиб осон мекунад, «асарҳои эҷодкардаи ман кори раҳбари синф ва тамоми устодонро осон кард. Дар ин осор ба ҷуз роҳҳои дарс ба шогирдон, инчунин ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ бо усули нав ҷо ба ҷо шуда аст. Устодони мактабҳои миёна дигар коғазҳои зиёдатӣ бо худ намегирифтанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозим барои дарсгузарӣ дар ин дафтарҳои эҷодкардаи ман ҷой доранд. Бо истифода аз ин дафтарҳо ҳисоботдиҳӣ низ осон шудааст. Вазорати маорифи кишвар низ барои истифодаи ин дар мактабҳо иҷоза додааст.»

Дар ҳамин ҳол Бахтиёр Убайдуллоев, директори чопхонаи «Суҳайл» тибқи моддаи 156, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ғайриқонунӣ истифода бурдани осори дорои ҳуқуқи муаллифӣ муттаҳам дониста мешавад. Аз ҷониби шӯъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои зидди моликияти зеҳнии Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта ин парванда тартиб ёфта ба додситонии ноҳияи Ҳисор ирсол шуда буд.

Аммо Убайдуллоев мегӯяд, нашри асарҳои Акрами Абдулҳамид аз ҷониби чопхонаи онҳо иштибоҳан сурат гирифтааст ва ҳамакнун ӯ ба муаллиф ҳамчун ҷуброни зарари моддиву маънавӣ, 43 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст.

Ошкор кардани ҷинояти асардуздӣ ва муттаҳам шудани чопхона ба ин далел дар Тоҷикистон камназир аст. Дар ҳамин ҳол мақомоти зиддахл мегӯянд, дуздии филму консертҳои овозхонон низ бештар шудааст. Тоҳир Каримов, сардори шӯъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои ҳуқуқи муалиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар раёсати ҷиноятҳои муташшаккили ВКД мегӯяд, ҳоло бештар студияҳои сабти овоз ба онҳо шикоят мекунанд, ки фиттаҳои филму консертҳоро бо номи онҳо афроди номаълуме ба фурӯш мегузоранд.

Ба гуфтаи ҷаноби Каримов, ҳарчанд консертҳои овозхонон ба таври қочоқ ба фурӯш гузошта шавад ҳам, худи сарояндагон майли ошкоршавии дуздии оҳангашонро надоранд, «имрӯз мо дар нуқтаҳои фурӯш ба фиттаҳои аудиовизуалӣ вомехӯрем, ки ба таври контрафакт, яъне бо роҳи тақалубӣ ба савдо бароварда шудаанд. Мо ба соҳибҳуқуқони онҳо барои ҳамкорӣ муроҷиат мекунем, то ҳуқуқҳояшонро ҳифз кунем. Чунки барои ҳифз кардани ҳуқуқи ҳар як муаллиф ҳатман арзномаи ӯ барои мо лозим аст. Мо дар ин сурат чораҳои қонунӣ мебинем. Аммо бархе аз сарояндагон аз арз кардан ба мо худдорӣ мекунанд. Аммо мо нисбат ба ин ҳолатҳо маводҳои санҷишӣ тартиб дода, чораҳои қонунӣ мебинем ва дискҳои тақаллубиро аз савдо боз медорем.»

Аммо масъулони бахши мубориза зидди ҷиноятҳо ба муқобили моликияти зеҳнии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз дуздии моликияти зеҳнӣ барномаи тарғиботиеро рӯи даст гирифтааст.

Сафар Асламов, сардори ин шӯъба мегӯяд, тарғиботи онҳо ба ҳадафи коҳиш додани ҷиноятҳои марбут ба моликияти зеҳнӣ аст: «Бо мақсади пешгирӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти моликияти зеҳнидошта ва пайдо кардани огоҳии бештар ба соҳибҳуқуқон ва муалифон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, то аз содир шудани чунин ҷиноятҳо пешигрӣ шавад. Бисёре аз муалифон аз мавҷудияти чунин Шӯъба бехабаранд ва мо аз самти кори худ ба онҳо маълумот медиҳем то дар сурати пайдо шудани чунин ҳолатба мо муроҷиат кунанд. Инчунин, ҳадафи мо ин аст, ки дуздии моликияти зеҳнӣ коҳиш ёбад ва ҳар нафар ҳақи қонунии худро соҳиб шавад.»

Зимнан бахши мубориза зидди ҷиноятҳо ба муқобили моликияти зеҳнӣ соли 2006 дар назди Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст.

Кормандони ин бахш дар 6 моҳи нахусти соли ҷорӣ бештар аз 600 ҷинояти марбут ба моликияти зеҳниро ошкор кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёдтар аст.

Ошкор шудани асардузӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон шумораи хонандагони китоб нисбат ба даврони шӯравӣ ба маротиб коҳиш ёфтааст. Аммо ин осори дуздида ба он хотир серхаридор будаанд, ки осори методӣ-таълимӣ ба ҳисоб рафта, барои устодони макотиби миёна василаи муҳим барои таълими шогирдон будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG