Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалоли Толибонӣ ба Ироқ бармегардад


Раисиҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ баъд аз якуним соли табобат дар Олмон рӯзи шанбе, 19 июл, ба кишвар бармегардад. Дар ин бора Иттиҳоди ватандӯстонаи Курдистон, ҳизби Ҷалоли Толибонӣ, хабар дод. Қарор аст, ки Толибонӣ ба зодгоаҳш – шаҳри Сулаймония воқеъ дар минтақаи Курдистони Ироқ баргардад.

Иттиҳоди ватандӯстонаи Курдистон рӯзи ҷумъа изҳор намуд, баъд аз табобати муваффақ вазъи Ҷалоли Толибонӣ, ки аз сактаи мағзӣ азият мекашад, хуб аст. Аммо бештари коршиносон ба саҳнаи сиёсат баргаштани ӯро аз эҳтимол дур мехонанд.

Ҷалоли Толибонӣ дар ҳоле ба Ироқ бармегардад, ки кишвар дар бӯҳрони амиқ аст, задухӯрдҳои шадиди мазҳабӣ идома доранд ва гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” қаламрави шимол ва ғарби Ироқро таҳти назорат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG