Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меркел: бастаи таҳримҳои нав алайҳи Русия ба зудӣ таҳия мешавад


Иттиҳодияи Аврупо рӯзҳои наздик бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро таҳия мекунанд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, дар ин бора рӯзи ҷумъа, 18 июл, хабар дод ва гуфт, "таҳримҳои нав ба он ширкату муассисаҳое дахл хоҳад дошт, ки бевосита дар нооромсозии авзоъ дар Украина даст доранд". Хонум Меркел афзуд, ки "ин посухи сазовор ба ҳаводиси ахир хоҳад буд, зеро интиқоли силоҳи русӣ барои ҷудоихоҳон аз тариқи марз чанд рӯз боз идома дорад".

Як рӯз пеш Парлумони Аврупо дар иҷлосия дар Страсбург қатънома оид ба Украинаро пазируфт, ки дар он аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо даъват шудааст то фурӯши силоҳ ба Русияро манъ карда, таҳримҳо алайҳи Маскав, ба вижа, бахшҳои молиявӣ ва энерҷии онро ташдид бубахшанд ва дар таъмини Украина бо газ саҳм бигиранд.

Дар санад аз Русия талаб шудааст то нерӯҳояшро аз марзҳои Украина канор кашад, зархаридҳои русро аз шарқи Украина берун ва ҳама гаравгонҳоро аз маҳбас раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG