Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти амнияти Украина рӯзи ҷумъа, 18 июл, дар робита ба суқути ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар вилояти Донетск, аз рӯи банди “амали террористӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ин ҳавопаймо, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи панҷшанбе дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Ҳамаи 183 мусофир ва 15 узви экипаж ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Украина мегӯянд, ки ҳавопаймо аз мушаки таҷҳизоти зенитии “Бук”-и ҷудоихоҳон сарнагун шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои корвони мошинҳои ҷудоихоҳон бо техникаи низомӣ, аз ҷумла, таҷҳизоти “Бук” пайдо шуд, ки, ба иттилои “Украинская правда”, рӯзи панҷшанбе сӯи шаҳраки Дмитровка ҳаракат мекард.

Антон Герашенко, мушовири вазири умури хориҷии Украина, дар Фейсбук навишт, ки шабона ҷудоихоҳон таҷҳизоти зенитии “Бук”-ро ба қаламрави Русия интиқол доданд. Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки ҷудоихоҳон “қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймои суқуткардаро пайдо карда онро дар яке аз гузаргоҳҳои марзии вилояти Луҳанск дар ихтиёри намояндагони Хадамоти федеролии амнияти Русия мегузоранд.

Аз ин пеш додситони Украина Виталий Ярема изҳор карда буд, ки ҷудоихоҳон ягон таҷҳизоти “Бук”-и низомиёни украиниро мусодира накардаанд.

XS
SM
MD
LG