Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эббот: Вокуниши Маскав ба суқути Боинг.777 ғайри қобили қабул аст


Тони Эбботт, нахуствазири Австралия, ҳам рӯзи ҷумъа хостори баргузории тафтиши байнулмилалии мустақилонаи сабабҳои суқути ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар ҳарими ҳавоии вилояти Донетски Украина шуд. Ӯ вокуниши Маскав ба ин фоҷиаро “ғайри қобили қабул” номид ва ба он нукта ишора кард, ки ҷудоихоҳони рустабор дар шарқи Украина метавонанд аз силоҳи дар ихтиёрашон гузоштаи Русия истифода кунанд. Маҳз ба ҳамин хотир, ба гуфтаи Тони Эбботт, тафтиши фоҷиа бояд мӯшикофона сурат гирад.

Бар пояи иттилои ахир, миёни мусофирони ҳавопаймо 28 тан аз шаҳрвандони Австралия низ буданд. Тақрибан сад тан аз мусофирон барои ширкат дар як конфаронси байнулмилалӣ оид ба СПИД ба шаҳри Мелбурни Австралия мерафтанд.

Аз ин пеш сарони чанд кишвари дигар, аз ҷумла, раисиҷумҳури ИМА Барак Обама, хостори тафтиши мӯшикофонаи суқути ҳавопаймои Малайзия шуда буданд.

Дар Ҳуланд, ки ҳавопаймои суқуткардаи Боинг-777 аз он ҷо сӯи Куала-Лумпур парвоз карда буд, рӯзи мотам эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG