Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 мусаллаҳи ҷонибдори ҳукумат дар Покистон


Дар шимолу ғарби Покистон бар асари задухӯрд бо афроди мусаллаҳ 8 тан аз аъзои гурӯҳи пуштибон аз ҳукумат, ки ба нерӯҳои марзбонӣ кӯмак мекунад, ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои хадамоти марзбонии Покистон, даргирӣ дар минтақаи Хайбар то субҳи рӯзи ҷумъа, 18 июл идома кард. Дар ин задухӯрд панҷ тан аз ситезаҷӯён кушта шуда, се нафарашон асир уфтоданд, боқимонда фирор карданд.
Дар як ҳодисаи дигар дар Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва, рӯзи ҷумъа бар асари таркиши мошини полис як корманди ҳифзи тартибот ҷон бохт. Дар минтақаи ҳамсоя – Вазиристони Шимолӣ нерӯҳои ҳукуматӣ аз моҳи май ба ин сӯ амалиёти густурдаи низомӣ алайҳи гурӯҳҳои ситезаҷӯро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG