Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳо аз ҳарими Украинаро қатъ карданд


Ҷойи суқути ҳавопаймо

Ҷойи суқути ҳавопаймо

Ширкатҳои ҳавопаймоии бисёр кишварҳо баъд аз суқути ҳавопаймои Боинг-777 ширкати Малайзия дар канори Донетск, шурӯъ аз рӯзи ҷумъа парвозҳо ба шаҳрҳои Украина ва парвоз аз тариқи ҳарими ҳавоии шарқи ин кишварро қатъ карданд.

Аз ин пеш Созмони аврупоии амнияти парвозҳо ҳарими ҳавоии Украинаро барои парвози ҳама ҳавопаймоҳои мусофирбар баст. Мақомоти ИМА ва Чин ҳам ҳамин гуна тасмим гирифтанд.

Ширкати русии “Аэрофлот” муваққатан парвозҳо ба шаҳрҳои Киев ва Одессаро қатъ кард. Дигар ширкати бузурги ҳавопаймоии Русия - “Трансаэро” тасмим гирифт, ки парвозҳоро бидуни убур аз қаламрави Украина анҷом диҳад.

Ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ – “Turkish Airlines”-и Туркия, “Lufthansa”-и Олмон ва “Air France”-и Фаронса ҳам парвозҳо аз тариқи ҳарими ҳавоии Украинаро қатъ намудаанд.

Ҳавопаймои Боинг-777, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур парвоз мекард, рӯзи панҷшанбе дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса 183 мусофир ва 15 узви экипаж ба ҳалокат расиданд. Тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймо идома дорад.

XS
SM
MD
LG