Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба сарони Малайзия ва Ҳуланд


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи ҷумъа, дар робита ба суқути ҳавопаймои Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар фазои Украина ба нахуствазири Малайзия Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Ба иттилои дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар барқия гцфта шудааст, ки “мардуми Тоҷикистон бо андӯҳи бузург хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои мусофирбари Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзияро дар қаламрави Украина, ки муҷиби шаҳодати теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намуд”. Сарвари Тоҷикистон аз нахуствазир хостааст, ки эҳсоси амиқи ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба наздикони шуҳадо бирасонад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр Клаус Георг Фердинанд ҳам барқияи тасаллият фиристод ва навишт, ки “хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Малайзия дар қаламрави Украина, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони Нидерланд гардид, моро сахт ғамгин намуд”. Ӯ аз номи ҳукумат ва ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми Шоҳигарии Ҳуланд ва пайвандони қурбониён ҳамдардии амиқи худро баён намуд.

Ҳавопаймои Боинг-777, ки дар масири Амстердам-Куала-Лумпур паровз мекард, рӯзи панҷшанбе дар ҳарими ҳавоии шарқи Украина суқут кард. Дар ин ҳодиса 183 мусофир ва 15 узви экипаж ба ҳалокат расиданд. Тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймо идома дорад.

XS
SM
MD
LG