Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Назаров боз як медали тилло гирифт. Ин бор дар Шведсия


Дилшод Назаров.

Дилшод Назаров.

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар даври навбатии мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» дар Шведсия медали тилло ба даст овард.

Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Карлстади Шведсия баргузор шуд, Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79 метру 62 сантиметр ҳаво дод ва мақоми аввалро касб кард. Дар ин мусобиқа Марсел Ломнитски аз Словакия бо натиҷаи 77,93 м дувум шуд. Давид Седерберг аз Финляндия бо натиҷаи 77,57 м соҳиби мақоми севум гардид.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ худи Дилшод Назаров субҳи имрӯз, 18-уми июл, хабар дод.

Ба ин тартиб, дар мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» дар ҳисоби умумӣ Кристиан Парс аз Маҷористон, қаҳрамони Олимпиадаи Лондон-2012, бо 243,89 имтиёз дар мақоми аввал аст. Дилшод Назаров бо 240,48 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад. Бояд гуфт, ки ҳисоби умумӣ аз рӯи се натиҷаи беҳтарини варзишгар дар даврҳои силсила ба назар гирифта мешавад.

Се натиҷаи беҳтарини Дилшод Назаров дар мавсими имсола: 80 метру 62 сантиметр - дар мусобиқаи пурнуфуз бо номи «Ostrava Golden Spike» дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех, 80 метру 24 сантиметр - дар мусобиқаи байналмилалии «Istvan Gyulai Memorial» аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» дар пойтахти Маҷористон – Будапешт ва 79 метру 62 сантиметр - дар даври навбатии мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» дар шаҳри Карлстади Шведсия.

Дилшод Назарови 32-сола яке аз фаъолтарин варзишгарони тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр аст.

Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG