Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти махсуси ИМА мегӯянд, ки "Боинг"-и Малайзияро аз замин задаанд


Мушаки ношинос ҳавопаймои ширкати Malaysia Airlines-ро бо 280 мусофир ва 15 сарнишин дар вилояти Донетск сарозер кард.

Дар ҷойи суқути ҳавопаймои Boeing 777 дар канораҳои шаҳри Торези вилояти Донетск, пораҳои ҳавопаймо бо навиштаҷоти "Malaysia Airlines" ошкор шуд. Ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Малайзия парвозро дар хатсайри Амстердам- Куала-Лампур дар баландии 10 ҳазор метр ва кордидори мушаххаси байналмилалӣ иҷро мекард. Ин ҳавопамо дар фосила 50 километр то ворид шудан ба ҳарими ҳавоии Русия ногаҳон сарозер шуд ва дар қаламрави Украина оташ гирифт.

Ҳавопаймо 283 мусофир ва 15 сарнишин дошт. Қарор буд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии Русияро соати 17:25 ба вақти Маскав убур кунад. Шоҳидҳо мегӯянд, ҷойи ҳодисаро ҷудоихоҳни мусаллаҳ аз бахшҳои мухталифи ҷумҳурии худгардони Донетск иҳота карданд ва ҳатто ба наҷотдиҳандаҳо ва духтурҳо иҷозат надоданд, ки ба он наздик шаванд. Онҳо ҷасадҳо ва чизу чораҳои дигарро ҷамъоварӣ кардан ва ба самти номаълум бурданд. Дастгоҳҳои сабти павозро дар маҳалли садама пайдо карданд. Қаблан Андрей пургин мақоми ҷумҳурии худгардони Донетск гуфт, ки "қуттиҳои сиёҳ" -ро барои омӯзиш танҳо ба Маскав медиҳанд.

Хадамоти амнияти Украина гуфтугӯи ҷудоихоҳонро дарёфт кардааст, ки дар он ба сарнагун шудани як ҳавопамо бо дасти "казакҳо"-и ҳавоихоҳи ҷудоиталабҳо ишора мешавад.

Дар ин ҳодиса ҳоло Киеву Ғарб - Русияро, вале Маскав Украинаро гунаҳгор мекунанд:

Аксари таҳлилгарон пешгӯи мекунанд, ки ин фоҷеъа банду басти бӯҳрони Украина, мавқегирии ҷомеъаи байналмилалӣ ба таҳаввулот дар ин кишвар ва бархурд бо Русияро комилан дигар мекунад.

Дар пайи суқути ҳавопаймои Малайзия дар шарқи Украина, ки бинобар эҳтимолот дар сарозер шудани он аз мушаки "замин ба ҳаво" истифода шудааст, Амрико хостори оташбаси фаврӣ дар ин минтақа шуд ва сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки дар заминаи ин ҳодиса таҳқиқоти фаврӣ, қобили эътимод ва мустақили байналмалилӣ сурат бигирад.

Нахуствазири Малайзия Наҷиб Раззоқ мегӯяд, ҳавопаймои "Боинг"-и ин кишвар, ки дар шарқи Украина суқут кард, пеш аз ин ҳодиса паёми ҳушдор ё хатаре ирсол накарда буд. Гурӯҳе аз мусофирони ин ҳавопаймо пажӯҳишгароне буданд, ки барои ширкат дар нишасте ба Австралдия сафар доштанд.

Оқои Раззоқ, ки пас аз фоҷиаи ҳавопаймои Малайзия бо 298 мусофир дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳавопаймо дар хатти ҳавоие, ки аз сӯи Созмони ҳавопавардии ғайри низомӣ "хатти амн" шумурда мешавад, дар ҳоли парвоз будааст. Ӯ бо ишора ба гуфтаҳои мақомҳои украинӣ дар мавриди ин, ки мушак ба ҳавопаймо бархӯрдааст, афзуд, ки кишвараш ҳанӯз наметавонад чунин хабареро таъйид кунад.

Ҳавопаймо, ки аз пойтахти Ҳолланд роҳии Малайзия буд, рӯзи гузашта дар пайи ончи мақомҳои украинӣ "партоби мушаки замин ба ҳаво" номидаанд, суқут кард. Нухуствазири Малайзия мегӯяд, агар омилини партоби мушак ба ҳавопаймо таъйид шаванд, онҳо бояд муҳокима шаванд."

Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико низ гуфтааст, ҳавопаймои Малайзия дар ҳоли парвоз ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Нахуствазири Малайзия дар айни ҳол ҳам бо раиси ҷумҳури Украина ва ҳам бо Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар ин маврид гуфтугӯи телефонӣ доштааст. Ба гуфтаи оқои Раззоқ, Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина таъйид кардааст, ки ҷудоиталабори тарафдори Русия, ки бахше аз шарқи он кишварро дар контроли худ доранд, музокиротеро барои кушодани "минтақаи ғайринизомии муваққатӣ" дар маҳали ҳодиса анҷом додааст.

Рӯзномаҳои Малайзия ҳам аз қавли муовини вазири нақлиёти он кишвар навиштаанд, мақомоти Малайзия бо ҳамтоёни руси худ дар тамос ҳастанд.

Дар гуфтугӯ миёни Наҷиб Раззоқ ва Барак Обама низ ба гуфтаи нахуствазири Малайзия, ду тараф мувофиқат кардаанд, ки ҳайати байналмилалӣ бояд дастрасии комил ба маҳали ҳодиса дошта бошад ва ҳеҷ касе набояд пораҳои ҳавопаймо, аз ҷумла сандуқи сиёҳро аз ин маҳал берун бибарад.

Аз сӯи дигар Ҷомеаи байналмилалии HIV/AIDS таъйид кардааст, ки гурӯҳе аз муҳаққиқони мухталиф, ки озими Австралия буданд, то дар конфронси ҷаҳонии HIV/AIDS дар он кишвар ширкат кунанд, мусофирони ин парвоз буданд. Ин конфронс қарор аст аз рӯзи шанбе бо ҳузури 13 ҳазор нафар оғоз шавад. Бинобар гузоришҳои аввалия, бештари мусофирон шаҳрвандони Ҳолланд будаанд.

Дар ҳоле, ки мақомҳои Украина дар ин ҳодиса ҷудоиталабонро муттаҳам кардаанд, раиси ҷуҳмури Русия Владимир Путин ангушти иттиҳомро ба сӯи Киев боло кардааст ва гуфтааст, ки ин фоҷиа рух намедод, агар нерӯҳои украинӣ ба ҳамлаҳои нав даст намезаданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG