Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик ба Эрон мераванд


Ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14), ки аз 4-ум то 13-уми август дар шаҳри Ҳамадони Эрон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё ширкат мекунад, эълон шуд.

Ба иттилои Федератсиони футболи Тоҷикистон, Раҷаб Расулов, сармураббии мунтахаби наврасони кишвар ба рӯйхат 21 бозигарро дохил кардааст. Ҷамъомади таълимиву тамринии даста аз 20-ум то 25-уми июл дар шаҳри Норак баргузор мешавад.

Баъдан рӯзи якшанбеи 27-уми июл мунтахаби наврасони кишвар ба Теҳрон сафар мекунад ва давраи хотимавии омодагиро ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014 дар он ҷо анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Ироқ рақобат хоҳад кард. Ба гурӯҳи «А» мунтахаби Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Тимори Шарқӣ дохиланд.

Футболбозони навраси тоҷик 5-уми август бо тими Тайланд, 7-уми август бо мунтахаби Ироқ ва 9-уми август бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ, ки 11-уми август баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ барои унвони қаҳрамонӣ 13-уми август баргузор мешавад.

Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон(U-14) дар чемпионати Осиё-2014:

Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Меҳвар Сулаймонов (РШВСМ).

Ҳимоятгарон: Шаҳром Абдуллоев, Ҳувайдо Малиев, Ҷаҳонгир Раҳматзода (ҳарсе – РШВСМ), Шаҳбоз Маҳмадуллоев, Султоншоҳ Мирзоев (ҳарду – «Энергетик»), Маъруф Ятимов («Нури Норак»).

Нимҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов, Аслиддин Муҳаммадиев (ҳарду – «Истиқлол»), Оятулло Сафаров, Дурахшон Рӯзибоев, Насиб Шарифов, Рустам Саидов (ҳарчор – РШВСМ), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Саидмухтор Азимов («Нури Норак»).

Ҳамлагарон: Умарҷон Шарифов («Вахш»), Аслам Камолов («Истиқлол»), Муҳаммад Гулаев («Кӯктош»), Юсуфҷон Ёқубов (РШВСМ), Тоҳир Малодӯстов («Саройкамар»).

Сармураббӣ: Раҷаб Расулов.

Тақвими бозиҳои чемпионати Осиё байни наврасон (U-14)

Гурӯҳи «А»: Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «В»: Кореяи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Тайланд, Ироқ.

Даври 1-ум

4 август (душанбе)

15.30 – Эрон –Тимори Шарқӣ

18.30 – Арабистони Саудӣ – Кореяи Шимолӣ

5 август (сешанбе)

15.30 – Кореяи Ҷанубӣ – Ироқ

18.30 – Тоҷикистон – Тайланд

Даври 2-юм

6 август (шанбе)

15.30 – Тимори Шарқӣ –Арабистони Саудӣ

18.30 – Кореяи Шимолӣ – Эрон

7 август (панҷшанбе)

15.30 – Ироқ – Тоҷикистон

18.30 – Тайланд – Кореяи Ҷанубӣ

Даври 3-юм

8 август (ҷумъа)

18.30 – Эрон – Арабистони Саудӣ

18.30 – Кореяи Шимолӣ – Тимори Шарқӣ

9 август (шанбе)

18.30 – Кореяи Ҷанубӣ – Тоҷикистон

18.30 – Тайланд – Ироқ

Нимфинал

11 август (душанбе)

15.30 – 1 «А» - 2 «В»

18.30 – 1 «В» - 2 «А»

Финал

13 август (чоршанбе)

18.30 – Ғолиби 1 «А» /2 «В» - 1 «В»/2 «А»

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG