Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои Боинг-777 дар наздикиҳои Донетск


Дар мавзеи Грабово, воқеъ дар канори шаҳри Донетск, ҳавопаймои мусофирбари Боинг-777-и ширкати ҳавопаймоии Малайзия суқут кард.

Ҳавопаймо аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард. Ба иттилои хабаргузориҳо, ҳавопаймо 295 мусофиру халабон дошт. Ба навиштаи хабаргузории “Украинская правда”, соати 16.20 ба вақти маҳаллӣ робита ба Боинг-777, ки дар баландии даҳ ҳазор метр дар ҳарими ҳавоии байнулмилалӣ парвоз мекард, қатъ шуд.

Хадамоти давлатии авиатсионии Украина изҳор намуд, ки ин хабарро тасдиқ ё рад карда наметавонад.

Киев мегӯяд, дар амалиёт алайҳи ҷудоихоҳон силоҳе истифода намешавад, ки тавони нобудсозии ҳавопаймо дар баландии даҳ ҳазор метрро дошта бошад.

Чанд лаҳза пеш хабаргузориҳо аз қавли Антон Херашенко, як масъули вазорати умури дохилии Украина, навиштанд, ки ҳавопаймо аз зарбаи мушаки “замин-осмон” суқут кардааст. Ба гуфтаи ӯ ҳамаи 280 мусофир ва 15 узви экипаж ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG