Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Аврупо хостори манъи фурӯши силоҳ ба Русия шуд


Парлумони Аврупо рӯзи панҷшанбе дар иҷлосия дар Страсбург қатънома оид ба Украинаро пазируфт, ки дар он аз Русия талаб шудааст то нерӯҳояшро аз марзҳои Украина канор кашад, зархаридҳои русро аз шарқи Украина берун кунад ва ҳама гаравгонҳо, аз ҷумла, халабон Надежда Савченкоро аз маҳбас раҳо намояд.

Дар ин қатънома аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо даъват шудааст, ки фурӯши силоҳ ба Русияро манъ карда, таҳримҳо алайҳи Маскав, ба вижа, бахшҳои молиявӣ ва энерҷии онро ташдид бубахшанд ва дар таъмини Украина бо газ саҳм бигиранд.

Аз ин қатънома 497 вакили Парлумони Аврупо пуштибонӣ карданд ва 121 нафар зидди он раъй доданд.

XS
SM
MD
LG