Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Китоби "Тоҷикон" дар Google Play


Ширкати “АФКОР” барои истифодаи боманфиати телефонҳои ҳамроҳ, дар бозори Google Play китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро ҷой додааст. Икром Ҳотамов яке аз барномасозони ширкати “АФКОР”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин барномаи телефонӣ, шаш фасли китоб дастрас буда, барои истифодабарандагон хондани он осону содда аст. Икром гуфт, ҳадафи аслии ҷойгир кардани китоби «Тоҷикон», пеш аз ҳама барои истифодабарандагони ҷавони телефонҳои “крутой” аст, ки онҳо бештари маврид аз телефонҳои худ, танҳо барои бозӣ ва муошират истифода мебаранд. «Аз ин хотир мо талош кардем, чунин барномаҳои шавқовар ва дастрасро созем то ки ояндаи ватани худро босаводу бомаданият дида бошем. Китоби «Тоҷикон» таърихи пуршарафи давлату давлатдории ниёгони моро инъикос менамояд. Ба ғайр аз он таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон зидди истилогарон, ки аз онҳо пурқуваттар буданд мубориза бурда бузургии худро исбот карданд»- мегуяд Икром.

Икром Ҳотамов, ки хатмкардаи донишгоҳи политехникии Тоҷикистон аст, мегӯяд, дар оянда низ тавассути ширкати “АФКОР” асарҳои бузургонро дар бозори Google Play ҷой хоҳанд дод.

Ширкати барномасозии “АФКОР” қабл аз ин дар бозори Google Play “Гулистон” -и Саъдӣ ва ашъорӣ шоири муосир Лоиқ Шералиро барои истифода ҷой дода буд.

XS
SM
MD
LG