Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳалокати ду кӯдак дар Мӯъминобод


Бар асари лағжиши теппа ба ҳавлии Ашӯр Сафаров, як сокини сокини деҳаи Тебалайи ноҳияи Мӯъминобод, воқеъ дар 180 -километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон ду фарзанди ӯ ба ҳалокат расида, ду кӯдаки дигараш маҷрӯҳ шудааст. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чоршанбе тақрибан дар соати 11:30, ҳангоми лағжиши теппа ба дохили ҳавлии Ашӯр Сафаров ду фарзанди ӯ - Юсуфи 5-сола ва Иброҳими 4-сола ҷон додаанд ва ду кӯдаки дигари ӯ – Алиҷон ва Фирдавсро аз зери хок раҳо кардаанд. Бар асари резиши хоки зиёд манзили Ашӯр Сафаров хароб шудааст. Алиҷон ва Фирдавсро барои тобабат ба беморхонаи ноҳия интиқол додаанд. Вазъи онҳо дар ҳоли ҳозир хуб арзёбӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG