Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд дар наздикиҳои манзили Навоз Шариф дар Лоҳур


Дохили Кохи Навоз Шариф дар Райвинд
Дохили Кохи Навоз Шариф дар Райвинд

Нерӯҳои амниятии Покистон ва як гурӯҳи мусаллаҳ дар рустое дар вилояти Лоҳур вориди даргирӣ шуданд, ки он ҷо манзили хонаводагии нахуствазир Навоз Шариф ҷойгир аст. Бар асари ин задухӯрд дар рустои Ориёни минтақаи Райвинди Лоҳур, ки рӯзи 17 июл тақрибан даҳ соат идома дошт, як сарбози ҳукуматӣ ва ду тан аз афроди мусаллаҳ ба ҳалокат расиданд. Панҷ тан аз сарбозҳои нерӯҳои амниятӣ маҷрӯҳ шуданд.

Гуфта мешавад, ки задухӯрд ҳамагӣ чанд километр дуртар аз кохе сурат гирифт, ки он ҷо хонаводаи нахуствазири Покистон ба сар мебарад. Зимнан, минтақаи Райвинд пойгоҳи ҳаракати "Таблиғи Ҷамоат" ҳам маҳсуб мешавад.

Вазири масоили зиддитеррористии Покистон, полковник Шуҷоъ Хонзода гуфт, афроди мусаллаҳ сокинони маҳаллии Лоҳур буданд ва шаш ҳафта боз дар манзиле мезистанд, ки ахиран мавриди ҳамла қарор гирифт. Ӯ ҳадс зад, ки ҳамаи ситезаҷӯён аъзои шабакаи бузурги террористиянд, аммо аз ошкор кардани он ки гап сари кадом шабака меравад, худдорӣ намуд.

XS
SM
MD
LG